Парлумон: Шахсони дорои душаҳрвандӣ дар мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ба кор қабул намешаванд
Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд шахсе корманди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва забони давлатиро донад. Дар робита ба ин масъала 2 ноябр вакилони Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт: «Тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудани маҳдудият нисбат ба хизмати давлатӣ бинобар доштани шаҳрвандии давлати хориҷиро пешбинӣ менамояд». Мавсуф афзуд: «Тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур аз лиҳози таъмини манфиатҳои миллӣ ва пешгирии хавфи дастрас гардидани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар иттилооте, ки метавонанд бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шаванд, саривақтист ва чунин маҳдудият барои хизмати ҳарбӣ дар мақомоти амнияти миллии кишвар мувофиқи мақсад аст».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






