Парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аз моҳи январи соли 2017 фаъол мегарданд

Ноябрь 30, 2016 15:24

Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон- Душанбе ва Тошканд парвозҳо фаъол хоҳанд гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои сарчашма, имрӯз дар Вазорати нақлиёти кишвар байни ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон санад оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Юсуф Раҳмон афзуд, ки парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво Йуллари» ба роҳ мемонанд. «Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Ин ба соҳаи авиатсияи ду ҷониб такони тоза мебахшад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст»,-илова намуд мусоҳиб.
Бино ба дурнамои вазорат, дар оянда байни дигар шаҳрҳои ин ду кишвар парвозҳо ба роҳ монда мешаванд.
Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ҳайати Ӯзбекистон имрӯз аз фурудгоҳи байналмилалӣ, кори хадамоти он ва терминали байналмилалӣ дидан намуда, барои ҳамкорӣ дар гусел ва қабули мусофирон бо фурудгоҳ ба тавофуқ расиданд.

Ноябрь 30, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд