«Пешвои миллат-бунёдгузори давлати миллӣ»- ҷамъомад дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 15, 2016 17:07

Душанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст». Ин гуфтаҳо аз ҷониби Комил Мирзоалӣ, роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни ҷамъомаде, ки бахшида ба Рӯзи Президент дар КВМ «Мусофирбарӣ»-и ин ниҳод баргузор гардид, садо доданд.

rohi-ohan-3 rohi-ohan-5 rohi-ohan-6
Дар ҷамъомад тахти унвони «Пешвои миллат -бунёдгузори давлати миллӣ» иштирокдорон дар бораи Рӯзи Президент, нақши Президент дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, расидан ба истиқлолияти комил ва пешрафту рушди мамлакат сухан карданд.
«Ҳамаи он дастовардҳо ва комёбиҳое ки дар даврони соҳибистиқлолӣ насиби мо- тоҷикон гаштаанд, маҳз аз заҳматҳои пайваста ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ба даст омадаанд»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Дар ин бора Анвар Латифзода, сардори маркази матбуоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ноябрь 15, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст