«Пешвои миллат-бунёдгузори давлати миллӣ»- ҷамъомад дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Душанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст». Ин гуфтаҳо аз ҷониби Комил Мирзоалӣ, роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни ҷамъомаде, ки бахшида ба Рӯзи Президент дар КВМ «Мусофирбарӣ»-и ин ниҳод баргузор гардид, садо доданд.

Дар ҷамъомад тахти унвони «Пешвои миллат -бунёдгузори давлати миллӣ» иштирокдорон дар бораи Рӯзи Президент, нақши Президент дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, расидан ба истиқлолияти комил ва пешрафту рушди мамлакат сухан карданд.
«Ҳамаи он дастовардҳо ва комёбиҳое ки дар даврони соҳибистиқлолӣ насиби мо- тоҷикон гаштаанд, маҳз аз заҳматҳои пайваста ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ба даст омадаанд»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Дар ин бора Анвар Латифзода, сардори маркази матбуоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид






