Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳалли масъалаҳои об амалҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд»
Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Рӯзномаи рушд барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкории минбаъдаи моро фароҳам меоранд». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити оби Будапешт ироа намуданд.
Бино ба гуфтаи Пешвои миллат, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, дигар мавқеъгириҳои самаранок ва ташаббусу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тамоюлҳои мусбат дар раванди расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт омили мусоидаткунанда мебошанд.
«Ҳамзамон мо бояд дарк намоем, ки дар ин масъалаҳо кишварҳо ҳоло ҳам бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳалли онҳо аз мо амалҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, мо бояд чунин механизмҳои амалӣ гардонидани ҳадафу мақсадҳои мувофиқашударо таҳия ва роҳандозӣ намоем, ки дар асоси онҳо ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандаи об ҳам имконияти дастрасӣ ва ҳам имконияти баробари қонеъ гардонидани ниёзмандии худро ба об дошта бошанд»,-илова намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






