Президенти Тоҷикистон: «Бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварем»
Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми телевизионии худ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баён намуданд, ки «Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».
Ба таъкиди Сарвари кишвар, бояд ҳар як фарди ҷомеа, бахусус, насли ояндасози миллат аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад.
«Эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи мукаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад. Мо дар зарфи бисту панҷ сол бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем. Минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард»,- гуфтанд Пешвои миллат.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






