Сабабҳои пайдоиш ва инкишофи бемории лейкози шадидро табибон, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯён баррасӣ карданд
Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Лейкози шадид»- таҳти ин мавзӯъ дар кафедраи бемориҳои дарунии № 3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо иштироки устодони кафедра, кормандони Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД ММТҶТ), ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯён конфронси клиникӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд, дар конфронси мазкур духтури шуъбаи бемориҳои хуни МД ММТҶТ Мирзовалӣ Раҳимов дар мавзӯи «Сабабҳои пайдоиш ва инкишофи бемории лейкози шадид» маърӯза намуда, ҳамчунин мавзӯъҳои «Аз таърихи бемории лейкози шадид» ва «Нақшаҳои табобати бемории шадиди лейкоз»-ро муҳокима намуданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, иштирокчиёни конфронс бо нақшаҳое, ки дар шуъбаи бемориҳои хуни МД ММТҶТ истифода мебаранд, шинос гардида, дар бораи равиши беморӣ баъди истифодаи нақшаҳои маводи ситостатикӣ маълумот гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни конфронс оид ба пешрафти илми тиб дар солҳои охир ва муолиҷаи гирифторони бемории хун ба иштирокчиён маълумот дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






