«Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!». 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президент таҷлил мегардад

Ноябрь 3, 2016 16:23

Душанбе, 3.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузории як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тибқи нақшаи барномаҳо, дар ин рӯз таҳияи барномаҳои фарҳангӣ дар қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фароғатии тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин таҳияи намоишномаҳо дар бинои Сирки давлатӣ ва театрҳо ба таври ройгон дар назар дошта шудааст.
16 ноябр дар Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муаррифии осори Пешвои миллат ва асарҳои рассомоне, ки ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд, Рӯзи дарҳои кушода эълон шудааст.
Дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла китобҳои тозанашри «Чеҳраҳои мондагор», «Забон- ҳастии миллат» ва курс-лексияҳо ҷиҳати муаррифии китобҳои Пешвои миллат, инчунин дар муассисаҳои томактабӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» доир мегарданд.
«Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!»-таҳти чунин унвон дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоти қудратӣ мулоқоту вохӯриҳо бо олимону сиёсатишиносон ва шоирону нависандагон ба нақша гирифта шудааст.
Дар толорҳои варзишӣ мусобиқаҳо аз рӯи ҳама намуди варзиш баргузор мегарданд.
Хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ноҳияи Данғара ва Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Сарбанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо таҳсил намудаанд, боздид мекунанд.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо расми Президенти кишвар бо андозаҳои калон таҳти унвони «Президенти мо-Пешвои мост!» насб карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Хотиррасон мекунем, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.
Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Ноябрь 3, 2016 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд