Сармои шадид дар ҷумҳурӣ то охири ҳафта боқӣ мемонад
Душанбе, 24.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Хунукии шадид ва ҳарорати пасти ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 24 то 26 ноябр эҳтимоли боридани барф идома ёфта, ҳарорати ҳаво рӯзона 4-8 дараҷа ва шабона 7-11 дараҷа хунук мешавад. 27 ноябр ҳаво мӯътадил гашта, сардии ҳарорати ҳаво паст хоҳад шуд.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, имрӯз, 24 ноябр ҳарорати ҳаво дар Суғд то -1-6 дараҷа, Хатлон -2 -7 дараҷа, навоҳии тобеи марказ -1- 6 дараҷа хунук ва дар ғарби ВМКБ то 4 дараҷа хунук шуда, 1 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






