Се рӯзи истироҳат ба шарафи Рӯзи Конститутсия
Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр 22-солагии қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мамлакат, бахшида ба Рӯзи Конститутсия рӯзҳои 5, 6 ва 7-уми ноябр рӯзҳои истироҳатӣ таъйин шудаанд.
Бо сабаби он ки 6-уми ноябр ба рӯзи тақвимии якшанбе рост омадааст, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи душанбе низ рӯзи истироҳатӣ мебошад. Рӯзи 5-уми ноябр, ки ба рӯзи шанбе мувофиқ омадааст, ҳамчун рӯзи истироҳатии муқаррарӣ (ба истиснои корхонаву муассисаҳое, ки рӯзи шанбе то нисфирӯзӣ кор мекунанд) мебошад. Ҳамин тавр сокинони мамлакат се рӯз истироҳат намуда, рӯзи 8-уми ноябр ба кор мебароянд.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон яке аз идҳои асосии миллӣ дониста мешавад. 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст дар таърихи навини кишвар раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор гардид. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 боз ҳам аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд.
Рӯзи 6-уми ноябр Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуда, ҳамчунин дар арафаи ин ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоаҳои меҳнатӣ ҷамъомадҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






