Ш.Орумбекзода: «Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст»
Душанбе, 01.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Даҳаи охири моҳи ноябр Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-солагии Асосгузори санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзодаро ҷашн мегирад. Дар ҷашн гурӯҳҳои рақсии намояндагони кишварҳои гуногун иштирок мекунанд. Инчунин мо ҳар сол Намоишгоҳи байналмилалии китоб ва дар ду сол як маротиба Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак- «Чодари хаёл»-ро баргузор менамоем. Иштироки Ҷумҳурии Гурҷистон дар чорабиниҳои номбурда боиси сарбаландии халқи тоҷик хоҳад буд». Ин нуктаро дирӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Гурҷистон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Константин Жгенти иброз намуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, Шамсиддин Орумбекзода ҳамчунин баён намуд, ки «мардуми тоҷик нисбат ба фарҳанги гурҷӣ эҳтироми хоса дорад ва Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои рушди санъат ва фарҳанг, мустаҳкам намудани ҳамкории фарҳангӣ бо дигар кишварҳо аҳамияти хоса зоҳир менамояд».
Константин Жгенти изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Гурҷистон ният дорад бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ҳамкории зич ба роҳ монад. Гузаронидани рӯзҳои фарҳангии мутақобила, баргузор намудани конфронсҳои якҷояи илмӣ, иштирок дар ҷашнвораҳои байналмилалии фарҳангӣ минбаъд метавонанд мардуми ду кишварро бо санъат ва фарҳанги ҳамдигар бештар шинос созанд.








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






