Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот мекунад
Душанбе, 21.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати парлумонии мамлакат бо ширкати вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия парвоз менамоянд.
Мувофиқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои 22-26 ноябри соли равон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), иҷлосияи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) иштирок ва суханронӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ҷаласаи 9-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Олимҷон Салимзода, вакилони мардумӣ Мирзодавлат Сабуров ва Ҷамшед Саидов, аъзои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимзода, Юсуф Имомзода ва Наргис Раҳмонзода намояндагӣ мекунанд.
Зимни сафари расмӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, инчунин ҳайати воломақоми парлумони Молдова мулоқот мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






