Соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус ривоҷи ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро дар соли 2016 муҳим арзёбӣ намуданд

Ноябрь 17, 2016 17:16

Душанбе, 17.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ доир гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Беларус ва кормандони масъули вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои асосӣ дар самтҳои афзалиятнок оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, энергетика, мошинсозӣ, алоқа, тандурустӣ, дастгирии тиҷоратии хурду калон ва сармоягузорӣ, инчунин ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шуданд.
«Ҳамзамон соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус зарурати фаъолгардонии ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро барои таъмини рушди тиҷоратӣ дар соли 2016 низ муҳим арзёбӣ намуданд. Аз ин лиҳоз хоҳиш намуданд, ки мисли солҳои қаблӣ муҳимияти иҷрои масъалаҳоро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳи баланд идома диҳанд»,-хабар дод манбаъ.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2015 гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 32,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҷумла, содирот 2,8 млн. доллари ИМА ва воридот 29,9 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
«Маҳсулоти асосии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус содиротгардида нахи пахта, хушкмева, омехтаи чормағз ва сабзавот мебошанд. Маҳсулоти асосии аз Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида тракторҳо, шакар, мебел, автомобилҳо, чорвои сермаҳсул, доруворӣ, инчунин ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти гуногун мебошанд»,-иттилоъ додааст манбаъ.

Ноябрь 17, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид