«Созандагони Ватан»: Таълиму тарбияи насли ояндасози миллат вазифаи ҳар кадоми мост!
Кӯлоб, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябри соли равон ба муносибати 5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва 22- солагии ҲХДТ дар Ташкилоти ибтидоии «Борбад»-и шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Таълиму тарбияи наслҳои ояндасози миллат вазифаи ҳар кадоми мост!» ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора Фирӯз Қурбонов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов, раиси ташкилоти ибтидоии «Борбад»-директори мактаби №2-и шаҳри Кӯлоб Ҷурахон Ғуломов ва беш аз 200 нафар аъзову ҷонибдорони ҳизб иштирок намуда, аҳамияти таълиму тарбияи насли наврас ва нақши ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро дар ин марҳила хеле муҳим арзёбӣ намуданд.
Бо назардошти ташаббускорӣ ва зиёд шудани сафи ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии «Борбад» дар назди он намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» таъсис ёфт.
Беш аз 30 нафар ҷавононе, ки дар ҳайати ин намояндагӣ шомил гаштанд, ваъда доданд, ки ҳамчун созандагони боэътимоди Ватан дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи худро мегузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






