Созишнома байни Тоҷикистон ва Чин ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар равона шудааст
Душанбе, 14.11.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дода, гуфт, ки зимни ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамчунин лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро аъзои Шӯро баррасӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон андешаҳои худро иброз дошта, таъкид карданд, ки ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷурахон Маҷидзода роҷеъ ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Созишномаи мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Созишнома 1 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона ва ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ба имзо расидааст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






