Суғд: нақшаи пахтачинӣ беш аз 81% иҷро гардид

Ноябрь 12, 2016 09:39

Хуҷанд, 12.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. То  санаи 11 октябри соли равон дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд  83 ҳазору 181 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 81,73%-и дурнамо баробар аст.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд,  пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят -кишоварзони ноҳияҳои Зафаробод то имрӯз чиниши пахтаро 95,91%, н. Ҷ. Расулов   94,87%  ва ноҳияи Спитамен  88,41%  иҷро намудаанд.
Ҳамчунин то имрӯз беш аз 60 фоизи хочагиҳои деҳконӣ низ аз иҷрои дурнамо хабар доданд.

Бояд гуфт, ки имсол пахтакорони  вилоят дар майдони 44 ҳазору 170 гектар пахта кишт намуда, азм доранд то охири маъракаи пахтачинӣ  101 ҳазору   770    тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.

Ноябрь 12, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд