Суғд: нақшаи пахтачинӣ беш аз 81% иҷро гардид
Хуҷанд, 12.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. То санаи 11 октябри соли равон дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд 83 ҳазору 181 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 81,73%-и дурнамо баробар аст.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят -кишоварзони ноҳияҳои Зафаробод то имрӯз чиниши пахтаро 95,91%, н. Ҷ. Расулов 94,87% ва ноҳияи Спитамен 88,41% иҷро намудаанд.
Ҳамчунин то имрӯз беш аз 60 фоизи хочагиҳои деҳконӣ низ аз иҷрои дурнамо хабар доданд.
Бояд гуфт, ки имсол пахтакорони вилоят дар майдони 44 ҳазору 170 гектар пахта кишт намуда, азм доранд то охири маъракаи пахтачинӣ 101 ҳазору 770 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






