Суғду Бадахшон ва Хатлон ҳунарҳои мардумиро эҳё мекунанд
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат ва Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд доир ба рушди ҳунарҳои мардумӣ машварат баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Азим Иброҳим иброз дошт, ки «масъулин ва сокинони вилояти Суғд барои рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори хоса зоҳир намуда, дар давоми 3 сол ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 159 маркази атласу адрасбофӣ ташкил гардид. Дар онҳо 490 дастгоҳ насб карда шуда, 240 нафар бонувони ҳунарманд зиёда аз 1100 нафар занону духтарони хонашинро ба омӯзиши ҳунари атласу адрасбофӣ ҷалб намудаанд».
«Бо мақсади рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» таъсис дода шуд. Таъсиси марказ, бешубҳа, барои рушди ҳунарҳои халқӣ нақши муассири худро мегузорад. Аз оғози фаъолияти марказҳои атласу адрасбофӣ дар вилоят 27 ҳазору 800 метр матоъ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст»,- таъкид кард Абдураҳмон Қодирӣ зимни машварат.
Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар ҷамъомад иштирок доштанд, дастур дод, то дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони вилояти Суғд марказҳои ҳунармандиро ташкил намуда, ҳунарҳои аҷдодиро эҳё ва бонувонро ба кор ҷалб намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






