Суди ноҳияи Тоҷикобод нашъаҷаллобро ба муҳлати се солу шаш моҳ равонаи зиндон кард

Ноябрь 11, 2016 10:23

Тоҷикобод, 11.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. Суди ноҳияи Тоҷикобод Саъдуллоев Абдусонӣ Шамсуддиновичро, ки соли тавалудаш 1975, зодаи ноҳияи Тоҷикобод, оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад, дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 21 қисми 1 ва 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва бо дастрасии моддаи 68 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои адонагардида аз рӯи ҳукми пештара қисман зам карда шуда, ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо ба муҳлати се солу шаш моҳ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин кард.
Абдусонӣ Саъдуллоев пештар доғи судӣ доштааст, вале аз ин хулосаи даркорӣ набароварда, дар давоми муҳлати санҷишӣ даст ба ҷинояти бадқасдона задааст. Ҳангоми гузаронидани корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод аз дохили ҷевони айвони хонаи ӯ ҳангоми кофтуков ду порчаи полиэтилении рангашон зард ва сурх дарёфт гардид. Аз дохили порчаи полиэтилении рангаш сурх хокаю кулӯлаҳои рангашон сабзи ҷигарӣ ва аз дохили порчаи полиэтилении рангаш зард 74 баста маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт карда шуд.
Тибқи хулосаи ташхиси судии РТК ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили бастаҳо 86 грамм маводи ҳашиш будааст.

Ноябрь 11, 2016 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд