Тақдими медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ба Вазири корҳои дохилии Қазоқистон
Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остона вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Калмуханбет Касимов баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушд ва густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба К. Касимов медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва мактуби арзи сипоси Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод супорида шуд.









Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






