Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова
Душанбе, 05.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Малика»-и Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ба муносибати 22 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳизбӣ барпо гардид. Дар ин бора аз шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳмансур хабар доданд.
Кенҷа Иброҳимов, директори муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова иброз дошт, ки «кормандону устодони ин боргоҳи маърифат бо истифода аз иқтидори эҷодию амалӣ баҳри иҷрои босуботи ҳама нақшаву ниятҳо ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа тамоми донишу малака, ақлу идрок, кӯшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди хешро баҳри ташаккули ҷаҳони маънавии шаҳрвандон ва афзудани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ равона менамоянд».
Ҳамзамон Ҷӯрабек Муродов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳмансур зикр кард, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарғиби Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад ва кӯшишу заҳматҳои худро пайваста ба ин самт равона менамояд».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






