Тоҷикистон дар «Остона EXPO 2017» ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Барқ барои оянда» дастовардҳои назарраси худро нишон медиҳад
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурлан Сейтимов оид ба масъалаи иштироки ҷониби Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсуси «Остона EXPO 2017» мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шариф Саид зикр намуд, ки чанде пеш дар Остона оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо Раиси раёсати Палатаи савдои берунии соҳибкорони Қазоқистон Аян Еренов созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳо ба имзо расид.
«Бо назардошти таҷрибаи Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои энергияи барқароршаванда соҳаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба таври арзанда дар намоишгоҳи байналмилалии Қазоқистон муаррифӣ шавад»,-илова намуд Шариф Саид ва зикр намуд, ки «Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёдро ба анҷом расонидаву метавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Барқ барои оянда» дастовардҳои назаррас нишон диҳад.
Тоҷикистон дорои институтҳои илмию тадқиқотӣ, Пажӯҳишгоҳи мелиоратсия ва гидроэнергетика, инчунин олимони барҷастаи соҳа мебошад, ки онҳо солҳост дар ин самт фаъолият дошта, метавонанд тадқиқоти худро ба намоиш гузоранд. Ғайр аз ин иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳ ба густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон такони тоза мебахшад».
Ба андешаи Нурлан Сейтимов, Қазоқистон ҷиҳати омодагии муваффақона ва баргузор кардани Намоишгоҳи байналмилалии махсуси «Остона EXPO 2017» тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, то ин намоишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида буд, ки дар натиҷаи он байни 75 ширкат ба маблағи зиёда аз 46 млн. доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






