Тоҷикистону Ҳиндустон робитаҳои тиҷоратию иқтисодии худро таҳким мебахшанд

Ноябрь 25, 2016 09:48

Душанбе, 25.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон 29 ноябри соли равон соати 17:00 дар Меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» семинар баргузор мекунад.
Тавре аз Маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, дар семинар масъалаҳо оид ба соҳаи туризм, алоқа, маснуоти саноати бофандагӣ, фарматсевтика ва туризми тиббӣ, соҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва масъалаҳои бонкӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.
«Мақсад аз гузаронидани семинари мазкур- ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад»,-хабар дод манбаъ

Ноябрь 25, 2016 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд