Туҳфаи шаҳрдори Хуҷанд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ифтихори Рӯзи Президент
Хуҷанд, 16.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода зимни шиносоӣ бо шароити парвариш ва таълиму тадриси кӯдакони Мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳр, Муассисаи давлатии махсусгардондашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳр, ширхоргоҳ-кӯдакистони№ 26 барои тифлони нутқу шунавоиашон нуқсондор ва Мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ба тамоми тарбиятгирандагони ин муассисаҳо либосҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
«Раиси шаҳри Хуҷанд меҳмони барномаи рангини адабӣ-фарҳангии муҳассилини ин мактабҳо гардида, баробари таманниёти нек таъкид намуд, ки пайваста илм омӯзанд»,-иттилоъ доданд аз маркази иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






