Вакилони Маҷлиси намояндагон ворид шудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаро дастгирӣ карданд

Ноябрь 10, 2016 16:54

Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ имрӯз дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд, ки баъзе паҳлӯҳои фаъолияти гумрукиро дар бар гирифтааст.
Вобаста ба ин масъала сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб зимни маърӯза ба вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат чунин изҳор кард: «Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, пешгирии қоҷоқи молу маҳсулот, таҳким бахшидан ба рақобати солим дар бозор, баланд намудани иқтидори истеҳсолоти ватанӣ, пешгирии муфлисшавии истеҳсолкунандагони ватанӣ, мувофиқ намудани ҷазо ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо мебошад».
Зикр гардид, ки тағйиру иловаҳои таҳиягардида ба моддаҳои 577, 578 ва 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ки аз ду қисмат иборат мебошанд. Дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда зиёдшавии ҳадди ниҳоии ҷаримаҳо дар назар дошта шудааст. Тағйироти мазкур бо мақсади пешгирии такроркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук ва татбиқи ҷазои сазовор барои кирдор пешниҳод мегардад.
Дигар қисмати тағйиру иловаҳо ба мусодираи молу воситаҳои нақлиёти махсус муҷаҳҳазшуда, ки ашё ё олоти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд, тааллуқ дорад.
Абдуфаттоҳ Ғоиб иттилоъ дод, ки «Дар аксар қарорҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеши роҳи қочоқи ғайриқонунии молу маҳсулот гирифта нашуда, баръакс дар баъзе мавридҳо ба ҳолатҳои қочоқ бо қарорҳои судӣ тобиши қонунӣ дода мешавад. Ҳамин тавр, молу маҳсулоти ба ҳабс гирифташуда баъди супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба қочоқчиён бозпас баргардонда мешаванд».
«Барои мисол, — гуфт Абдуфаттоҳ Ғоиб, — соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти гумруки вилояти Суғд 210 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи зиёда аз 303 миллион сомонӣ ошкор карда шудааст. Аз тамоми парвандаҳои баррасишуда судҳо танҳо дар 13 ҳолат ба маблағи зиёда аз 29 ҳазор сомонӣ дар баробари таъйини ҷарима молу маҳсулоти ба таври қочоқ воридшударо мусодира карданду халос. Дар мавридҳои боқимонда, баъди ба расмияти гумрукӣ даровардан молу маҳсулот ба қочоқчиён бо қарорҳои судӣ бозпас гардонида шудаанд».
Дар қонунгузории дигар кишварҳо муқаррарот оид ба мусодираи молу воситаҳои нақлиёт, ки ҳамчун ашё ё олоти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истифода шудаанд мавҷуд мебошанд. Амали чунин муқаррарот натиҷаҳои мусбат оварда, барои кам кардани қоҷоқ мусоидат мекунад.
Бо мақсади амалӣ намудани тағйироти аз ҷониби Хадамоти гумрук пешниҳодшуда, ба қисми 4-и моддаи 45-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон илова ворид карда мешавад, ки тибқи он дар ҳолати ба шахси сеюм тааллуқ доштани воситаи нақлиёти махсус таҷҳзонидашуда, (ки барои содир кардани қочоқ пешбинӣ шудааст) мақомоти судӣ ҳуқуқ доранд ин воситаи нақлиётро мусодира кунанд.
Баъд аз муҳокимаи вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» якдилона қабул гардид.
Ҳамчунин дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи қарор дар бораи интихоб шудани Фирӯза Шарифӣ ба узвияти Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия қабул гардида, баъд аз муҳокима ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» пазируфта шуданд.

Ноябрь 10, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Кӯлоб даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
Ёрии ҳамаҷонибаи дастаи мутахассисони Acıbadem ҳангоми бемориҳои гуногуни асаб
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Норак фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид