Ёдкарди муаллифи «Рақс дар сояи девори оҳанин»
Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аброр Зоҳир адиби зодаи истиқлол мебошад, ки бештар аз ҳама дар жанрҳои бузурги насрӣ: повест ва роман асарҳо офарида, мавзӯи ифтихори миллиро дар мадди аввал гузоштааст. Нависанда Аброри Зоҳир бисёр қолабҳои адабиро шикаста, бо асарҳои хеш мавзӯъҳои навро ба адабиёти тоҷик ворид намуд.
Дирӯз дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили адабӣ бахшида ба гиромидошти нависандаи маъруф ва сермаҳсули тоҷик, шодравон Аброр Зоҳир доир гардид.
Дар рафти маҳфил зикр карда шуд, ки Аброр Зоҳир муаллифи беш аз 25 китоби чопшуда буда, теъдоди романҳояш ба 50 адад мерасад. Вақтҳои охир дардманд буд, вале ҳамчун адиби шикастнопазир бисёр менавишт, заҳмат мекашид. Ҳар сол 4-5 асараш чоп мешуд.
Бояд гуфт, Аброр Зоҳир дар интихоби мавзӯъ барои худ ягон маҳдудият намегузошт ва ҳамчун адиби муосир воқеияту ҳақиқатро бидуни ҳарос ва истиҳола рӯи варақ оварда, пешкаши ҳаводоронаш намудааст. Эҷодиёти адиб масоили сиёсӣ, воқеияти сиёсати замони муосир ва замони гузаштаи таърихиро дар бар гирифтааст. Аз ҷумла, романи «Ёри ғор» вазъи сиёсӣ ва маънавии замони Носири Хусрав, романи «Мунтасир» вазъи сиёсии замони заволёбии ҳукмронии хонадони Сомониён, романи «Шикасти зулмот» вазъи сиёсию маънавии замони зиндагонии Абурайҳони Берунӣ, асари «Ҷилои ҷоми Ҷомӣ» шахсият ва вазъи сиёсию фарҳангии замони Абдураҳмони Ҷомӣ, романи «Васваса» ҳолати сиёсию иҷтимоиёти замони қабл аз инқилоби сотсиалистии октябр ва асарҳои «Коммунист», «Муқовимат», «Хокпайванд» вазъи сиёсию маънавии замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва даврони рукуди сохти шӯравиро инъикос кардаанд
Ҳамин тавр, пайи ҳам давраҳои гуногуни таърихӣ дар романҳои «Майдон», «Душанбе», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Бозгашт», «Арсаи набарди гургон», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Дар ҷилди одам», «Охирин сайди сайёд», «Қасидаи зери теғ» тасвир шуда, вазъи сиёсию маънавии ин адворро бо ҳам васл кардаанд.
Аброр Зоҳир дар ин асарҳо воқеияти давру замонҳои гуногунро дар ҷомаи бадеият, бо сабку услуби хоси нависандагии худ рӯи варақ овардааст. Ба хотири бадеият ва ҷолиб омадани матн чизе аз воқеият кам накарда ва ба хотири ҳазфи воқеият ба бадеият рӯй наовардааст.
Дар маҳфил таъкид карда шуд, ки фаъолияти эҷодии Аброр Зоҳир пурғановату гуногунпаҳлӯ буда, маҳдуд ба як мавзӯъ ё бахш нестанд, балки таҷассумгари ҷаҳонбинии миллӣ мебошад.
Иштирокдорони маҳфил таклиф ба миён гузоштанд, ки ба хотири баланд бардоштани рӯҳияи мактабиёну наврасон мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳри Сарбанд, ки адиб он ҷо таҳсил кардааст, ба номи Аброр Зоҳир гузошта шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






