12 донаи ангур- 12 орзуе, ки бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшанд

Декабрь 31, 2016 09:26

ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соли нав яке аз идҳоест, ки онро дар саросари ҷаҳон мардум бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Агар ба таърихи ин ид назар андозем, он чандин ҳазорсолаҳоро дар бар гирифта, таҷлили он дар байни мардумони ҷаҳон дорои хусусияти хоси худ аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Соли нав- ин урфу одатҳои гуногуни ҷашнгирии он дар нуқтаҳои мухталифи сайёра мебошад. Анъанаҳои солинавӣ- ин пеш аз ҳама, тайёрӣ ба таҷлили Соли нав дар ҳар як оила мебошад, ки чанд рӯз қабл аз ид оғоз мешавад. Одамон хонаҳоро оро медиҳанд, дарахти арча мегузоранд ва мизи идона ороста менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Соли нав миёни мардумони ҷаҳон- ин тарзи ороста кардани дастархони солинавӣ бо ғизоҳои гуногун аст. Маҳз дар робита ба он ҳар як миллат урфу одатҳои хешро тӯли ҳазорсолаҳо ҳифз доштааст. Масалан, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо хушбахтӣ меорад: аз карами баҳрӣ (шодӣ), аз лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), аз моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву рӯҳбаландӣ) ва ғайраҳо.
Дар рӯи мизҳои идонаи мардумони Австрия, Венгрия, Югославия қариб, ки ягон хӯрокеро аз гӯшти парранда вохӯрдан мумкин нест — аҳолии ин кишварҳо чунин мешуморанд, ки хушбахтӣ метавонад парида равад.  Дар шаби Соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо бояд 12 донаи ангурро бихӯранд — 12 орзуе, ки бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад, зеро ангур дар ин халқҳо рамзи фаровонӣ ва хушбахтии оилавӣ мебошад. Чормағз, мош ва ангур барои итолиёвиҳо рамзи саломатӣ, комёбӣ ва дарозумрӣ мебошанд. Дар Русия қариб ҳар як мизи идонаро пирогҳо, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идона ҳатман карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбӯруғӣ, кулчақандҳои асалӣ бо шир бояд бошанд. Иди Соли навро дар Франсия метавон иди «сафедиҳо» номид. Дар рӯи миз шамъдонҳои сафед бо шамъҳои сафед ва меваҳои тозаи бо шакар омехташуда гузошта мешаванд. Дар Италия ҳам таомҳои анъанавии солинавӣ ҳастанд. Масалан, дар Болония- ин пироги гӯштӣ бо қаймоқ мебошад, ки номаш тортелинист. Дар Лаҳистон ба мизи ҳатман бо дастархони сафед орододашуда 13 намуди хӯрок гузошта мешавад. Хӯроки солинавӣ бо шӯрбо аз моҳӣ ё замбӯруғ сар мешавад, баъд паси ҳам карам бо занбӯруғ, моҳӣ бо соуси ширин ва ғайраро меоранд. Аз ҳама охир кулчақанд, шарбат ва меваҷот ба дастархон гузошта мешаванд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ идома дошта, дар рӯзҳои ид аз ҷониби идораву вазоратҳо ва нафарони саховатманду хайрхоҳ ба мактаб-интернату хонаҳои маъюбону нафарону барҷомонда кумакҳои моддиву маънавӣ расонида мешаванд. Ин амал аз рӯҳияи баланди ҷашнгирии Соли нав дар ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин мардум дастархони идонаи хешро бо хӯришҳову таомҳои мухталиф ороста, волидон бо додани туҳфаҳои хотирмон ба фарзандон Соли навро ба якдигар табрик мегӯянд.
Инак Соли нави 2017-уми мелодӣ фаро мерасад.
Хуҷаста бодо Соли наву иқболи нав! Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Декабрь 31, 2016 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад