8 миллион еврои «Зенит» барои нимҳимоятгар Эрнани
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кф «Зенит»-и Санкт-Петербург нимҳимоятгари баразилиягии дастаи «Атлетико Паранаэнсе» -Эрнаниро ба маблағи 8 миллион евро (8,5 $) харидорӣ хоҳад кард. Дар ин бора «Gazeta do Povo» хабар медиҳад.
«Эрнани аллакай ба Россия омадааст ва паҳлӯҳои шартномаашро бо «Зенит» муайян мекунад. Умед меравад, ки то поёни имрӯз ин шартнома ба имзо хоҳад расид»,-хабар медиҳад манбаъ.
Эрнаниро ҳамчунин клубҳои футболи «Монако»-и Франсия ва «Фиорентина»-и Испания ба дастаашон даъват кардаанд.
Ин бозингар дар ҳайати дастаи «Атлетико Паранаэнсе» аз соли 2013 ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ҳайати даста соли 2016 муаллифи 6 гол шуда, дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Бразилия 15 бозӣ гузаронидааст.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






