Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат 524 ҳазору 387 сомониро ташкил дод
ВАҲДАТ, 13.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат 524 ҳазору 387 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳазору 267 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати кишоварзии шаҳр Давлат Холиқов иттилоъ дод.
«Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳо 39 897 тонна ғалладона, 22 263 тонна картошка, 65 052 тонна сабзавот, 405 тонна пахта, 1291 тонна зағир, 2414 тонна маҳсулоти полезӣ ва 13 555 тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст. Инчунин дар асоси дурнамои кишти тирамоҳӣ кишоварзони шаҳр дар 5608 гектар ғалладона ва дар 150 гектар сабзавот кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти ғалладона 691 гектар зиёд мебошад»,-иброз дошт Давлат Холиқов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






