Абдураҳмон Қодирӣ бо корҳои сохтмонии корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол шинос шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи металлургӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Истиқлол сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Раиси вилоят бо нақшаи схематикии минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол шинос шуд.
Зикр гардид, ки то ба ин дам 85 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд ва қисми зиёди таҷҳизоти зарурӣ низ ворид гардидааст.
Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин ва мутахассисон таъкид намуд, ки бояд корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.
Бояд гуфт, ки дар бунёди корхона моҳи апрели соли 2014 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буданд. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар доираи ҳамкории самараноки ду кишвари дӯст — Тоҷикистону Чин бунёд гардида, дар он бо истифода аз манбаъҳои табиӣ истеҳсоли металлҳои сурбу руҳ ба роҳ монда мешавад. Тибқи нақшаи муайянгардида дар марҳилаи аввали фаъолият дар корхона 50 ҳазор тонна сурб ва ҳамин миқдор руҳ истеҳсол карда мешавад. Корхонаи металлургӣ бо ҷалби сармоягузориҳои чинӣ ба маблағи 200 миллион доллари ИМА бунёд мегардад ва дар он наздик ба 1300 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мешаванд, ки 90 дарсади онҳо сокинони маҳаллӣ хоҳанд буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






