Ҳайати Тоҷикистон дар шашумин конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» иштирок кард

Декабрь 5, 2016 13:46

Душанбе, 05.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Амритсари Ҷумҳурии Ҳиндустон 4 декабр шашумин конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» таҳти васоят ва бо суханронии ифтитоҳии Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс муовини аввали вазир суханронӣ карда, мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати зарурати таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя иброз намуд ва аз иқдомҳои анҷомдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои расидан ба ин ҳадаф заруранд, ёдовар шуд.
«Барои ҳалли мушкилоти Афғонистон танҳо тадбирҳои низомӣ кофӣ набуда, балки ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳалли қазияи мазкур дар марҳилаи кунунӣ имтиёз пайдо кардаанд. Дар ин росто кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ки заминаҳои ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ин кишварро фароҳам меоваранд, ироа мешаванд»,- таъкид кард Низомиддин Зоҳидӣ.
Конфронс бо қабули Эъломияи Амритсар кори худро ба анҷом расонд. Дар эъломия дар қатори дигар лоиҳаҳои барои Афғонистон ва минтақа муҳим аз раванди сохтмони хатти баландшиддати КАСА-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти оҳан байни панҷ кишвар (Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон) истиқбол сурат гирифта, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани онҳо даъват ба амал омадааст.
Тасмим гирифта шуд, ки конфронси оянда соли 2017 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шавад.

Декабрь 5, 2016 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд