Ҷамъбасти фаъолияти вазорату идораҳо дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода

Декабрь 22, 2016 08:52

ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳои масъул ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар баргузор карданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти КҲФ хабар доданд, «дар ҷараёни семинар ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии ҶТ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода»-ро баррасӣ намуданд».
Дар семинар ҳамчунин фаъолияти вазорату идораҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва корҳо дар иртибот ба мудофиаи гражданӣ ҷамъбаст шуданд.
«Ҳадафи аслии роҳандозии ин гуна чорабиниҳо такмили малакаҳои ҳосилшуда дар самти мудофиаи гражданӣ миёни кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин омодагӣ ба зуҳури ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода мебошад»,-хабар дод манбаъ.
Зимни семинар инчунин камбудиҳо зикр ва муҳлати бартараф намудани онҳо муайян карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи самараноки минбаъдаи Қарор баргузории чандин чорабинӣ дар соли оянда тарҳрезӣ гардид.

Декабрь 22, 2016 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа