Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Франсия дар Париж баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масоили пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия, аз ҷумла дар самти ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисод ва энергетика, инчунин дар мавзӯи мубориза бо таҳдидҳои муосир зимни мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва вакили мардумии Ассамблеяи миллии Франсия (палатаи поёни Парлумон), муовини Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Франсия Тиеррӣ Мариани баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
«Ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ низ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд», — гуфта мешавад дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон дар Франсия.
Тавре иттилоъ дода мешавад, мулоқот рӯзи 7 декабр дар доираи сафари муовини Вазири корҳои хориҷӣ ба Париж ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Франсия баргузор гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






