Ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуд

Декабрь 14, 2016 17:10

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки имрӯз баргузор гардид, лоиҳаи Қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода маърӯза кард. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард: «Зарурати ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи мамлакат ва ба Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад».
Мувофиқи моддаи 13 Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» шахсони дорои 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизматӣ, ҳуқуқи ба нафақа баромадан доранд. Ин муқаррарот нисбат ба хизматчиёни воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ паҳн мегардад.
Ҳамчунин дар сархати 13 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст, ки корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки собиқаи умумии меҳнатии 25- сола доранд, ҳуқуқ доранд аз рӯи собиқаи хизмат ба нафақа бароянд, ба «шарте ки собиқаи хизматиаш ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 12 солу 6 моҳ кам набошад».
«Аз ин лиҳоз ба мақсад мувофиқ аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуда, он ба Конститутсияи мамлакат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» мутобиқ гардонида шавад», — гуфт И.Идрисзода.
Дар масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Анвар Тағоймуродов чунин зикр кард: «Лоиҳаи Қонуни мазкур аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуда, он бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ба Конститутсия ва дигар санадаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия шудааст».
Минбаъд кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизматӣ доранд барои ба нафақа баромадан аз рӯи собиқаи хизматӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баъд аз шунидани мулоҳизаҳо ва саволу ҷавоб лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ карда, вобаста ба он қарори дахлдор қабул карданд.

Декабрь 14, 2016 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад