Бадахшон: Корҳои бехатаргардонӣ дар ҳавзи сунъии Барсем идома доранд

Декабрь 26, 2016 17:39

ХОРУҒ,  26.12.2016. /АМИТ Ховар/.    Мутахассисони ҶДММ «Шариф» ният доранд то фаро расидани фасли гармо  садди сунъии ҳавзи Барсемро рахна кунанд.

Соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон маҷрои дарёи Ғунд баста шуда, ҳавзи сунъӣ бо чуқурии 20 метр ва дарозияш наздик ба ду километру 800 метр ба вуҷуд омад. Ҳаҷми умумии оби дохили ҳавз зиёда аз 6 миллион метри кубиро ташкил дод. Ба иттилои сардори шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ Шероз Абдуллоев, бо дастури Пешвои миллат баъди ба макони амн кӯчонидани 82 оилаи бесарпаноҳмонда ва бо хӯроку либос ва хаймаҳо таъмин кардани онҳо гурӯҳи коргарон бо истифода аз техникаву таҷҳизоти пуриқтидор зуд ба рахна намудани садди маснуии ҳавз оғоз намуданд. Зеро дар сурати баланд гардидани сатҳи оби ҳавз хатари зери об мондани  яке аз калонтарин неругоҳҳои ВМКБ- Неругоҳи барқи  обии «Помир 1» ва комилан аз байн рафтани роҳи байналмилалии Хоруғ-Мурғоб- Кулма ба вуҷуд меомад.

Рахна намудани садди сунъӣ бар уҳдаи ҶДММ «Шариф» гузошта шуд. Ба сабаби дароз ва зиёд будани ҳаҷми он қарор дода шуд, ки барои берун кардани оби рӯдхона аз ду тараф хандақ канда шавад. Дар натиҷаи анҷом додани ин корҳо то ба имрӯз чуқурии ҳавз ба 8 метр расонда шуда, ҳаҷми оби боқимонда 1 млн 200 ҳазор метри кубиро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар мавзеи мазкур ду эксковатор, як механизми боркун ва ду мошини пуриқтидори боркаш машғули кор мебошанд.

Декабрь 26, 2016 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд