Бардошти бонкдорони ҷумҳурӣ аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2016 17:09

ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 декабри соли 2016 кормандони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи бонк Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар Паёми худ аз муваффақиятҳои дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, натиҷаҳои ба даст овардашуда дар самти расидан ба ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ (истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ), рушди соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар ин солҳо ҳарф зада, зикр намуданд, ки «дар соли ҷорӣ бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардид. Сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, таваррум 6 фоизро ташкил медиҳад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат фаъолияти муътадили низоми бонкиро дар шароити имрӯза аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ хонда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд. Бояд дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Декабрь 22, 2016 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд