Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи иқтисодии Франсия

Декабрь 8, 2016 13:12

ДУШАНБЕ, 08.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва бонкдорӣ, андозсупорӣ ва молия, инчунин ҳифзи муҳити зист масоиле буданд, ки муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва роҳбарияти СҲИР 7 декабр дар Париж мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
«Ҷонибҳо ҳавасмандиро барои густариши робитаҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баён намуданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Сафорати Тоҷикистон дар Париж.
Ҳамчунин дар иттилоия омадааст, ки худи ҳамон рӯз муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо роҳбарияти Ассотсиатсияи соҳибкорони Франсия (МЕДЕФ) ва ҳамраиси бахши франсавии Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Франсия Кристоф Фонтен мулоқот анҷом дод.
«Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Франсияро, хусусан дар бахши соҳибкории хурд ва миёна баррасӣ намуданд. Саҳми Шӯрои соҳибкорӣ дар пешбурди ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ гардид», — зикр шудааст дар иттилоияи Сафорати Тоҷикистон дар Париж.

Декабрь 8, 2016 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад