Базмгоҳи асосии истиқболи Соли нави мелодии 2017 майдони «Дӯстӣ» мебошад

Декабрь 26, 2016 15:39

ДУШАНБЕ, 26.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Базмгоҳи асосии таҷлили Соли нави мелодии 2017 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе майдони «Дӯстӣ» -и пойтахт мебошад, ки аллакай дар ин ҷо арчаи солинавӣ гузошта шуда, бо чароғакҳои гуногун оро дода шудааст. Бояд зикр кард, ки 31 декабр аз соати 19:00 то 21:00 дар майдони «Дӯстӣ» барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, бо мушакпарронии панҷдақиқаина анҷом меёбад. Ҳамзамон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани соли нави мелодии 2017 нақшаи чорабиниҳои гуногуни солинавиро тарҳрезӣ намудааст. Хусусан барои хотирмон истиқбол намудани Соли нави мелодии 2017 дар толори Сирки давлатӣ 29 декабр намоиши идонаи солинавӣ барои хонандагони тамоми мактаб-интернатҳо ва толибилмони болаёқати шаҳри Душанбе ташкил мегардад.
Аз идораи фарҳанги шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба истиқболи Соли нави мелодии 2017 майдони марказии назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, шаршараи Наврӯзгоҳ, боғ ва хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Теҳрону Шоҳтемур ва боғҳои «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ба номи С.Айнӣ ва майдони «800-солагии Москва» идона ороиш дода шудааст.
Ҳамзамон барои пурнозу неъмат гардонидани хони идонаи сокинони пойтахт дар тамоми бозорҳои шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи аввал ташкил мегардад. Инчунин дар арафаи Соли нав ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, тарбиятгирандагони муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона-интернатҳо, пиронсолону маъюбон ва ятимон кумаки моддӣ расонида мешавад. Барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон дар рӯзҳои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии солинавӣ ба раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Декабрь 26, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад