Беморхонаи минтақавии рақами яки шаҳри Ваҳдат бо барқи доимӣ таъмин гардид
ВАҲДАТ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маъмурияти беморхонаи шаҳри Ваҳдат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017
208 тонна ангишт, 280 метри кубӣ ҳезум, 6 адад гармидиҳандаи барқӣ ва 151 адад печкаи аловӣ аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ харид намуда, беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳрро таъмин карданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар раиси Кумитаи иттифоқи касабаи беморхонаи шаҳр Ҳафиз Худойназаров иттилоъ дод.
«Масъулини беморхонаи минтақавии рақами яки шаҳр иброз намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат беморхонаи мазкурро бо барқи доимӣ таъмин намуд. Барои зимистонгузаронӣ 16 тонна ангишт, 5 метри кубӣ ҳезум захира шудааст. Айни замон беморон дар ҳуҷраҳои гарм табобат мегиранд»,-афзуд манбаъ.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






