Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон соли 2017 озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ роҳандозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.
«Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд»,-таъкид доштанд Сарвари давлат.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






