Дар Бадахшон барои муътадил паси сар кардани фасли сармо маводи кофӣ захира шудааст

Декабрь 7, 2016 15:20

ХОРУҒ, 07.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи ситоди доимии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ масъалаи омодагӣ ба фасли сармо мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев дар ҷаласа гуфт: «Нисбат ба дигар манотиқи кишвар фасли зимистон дар Бадахшон нарму гармтар ва бо боронҳои на он қадар зиёд оғоз шуд, аммо иқлими кӯҳистон хеле тағйирёбанда аст. Он метавонад барои мо ҳар лаҳза ягон «армуғон», ба мисли тарма, сел ё сармои шадид ҳадя кунад. Зимистони кӯҳистон шаш моҳ идома меёбад. Аз ин рӯ бори дигар вазъи таъмини муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангиро бо маводи сӯхт санҷидан зарур аст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят 84 нуқтаи фурӯши ангиштсанг ва 9 нуқтаи фурӯши гази моеъ ба таври расмӣ фаъолият доранд. Ин нуқтаҳо то ба имрӯз наздики 800 тонна ангиштсанг ва 53 ҳазор метри кубӣ гази моеъро захира намудаанд».
«Аксарияти муассисаҳои таълимӣ шабонарӯзӣ аз неруи барқ таъмин мебошанд, аммо сарфи назар аз ин барои баъзе аз мактабҳои деҳоти дурдаст 108 генератори барқӣ дастрас кардаанд. Дар сурати қатъ шудани неруи барқ ин таълимгоҳҳо метавонанд аз онҳо истифода баранд. 58 адад чунин генератори барқӣ дар ихтиёри муассисаҳои тандурустӣ гузошта шудаанд»,-зикр шуд дар ҷаласа.
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти дурафтода анборхонаҳои махсус ташкил намудааст, ки дар онҳо маводи ғизоӣ ва сӯхт захира шудаанд. Агар тасодуфан роҳ баста шавад, сокинони ин деҳот метавонанд бидуни мушкил ва бо нархи арзон маҳсулоти дилхоҳашонро харид намоянд.

Декабрь 7, 2016 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст