Дар ДДХ ба ифтихори 75- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд маҳфили адабӣ доир гардид
ХОРУҒ, 17.12.2016. /АМИТ Ховар/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ширкати олимону шоирон ва донишҷӯён бахшида ба 75-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд маҳфили шеъру тарона баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз вилоят хабар дод.
Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан нақши шоирро дар таъсиси ҳавзаи адабии Бадахшон хеле муассир унвон намуда, гуфт: «Аксарияти шоирони имрӯзаи вилоят шогирдони Ширин Бунёд мебошанд. Яке аз хизматҳои пурарзиши ӯ- ин ташкил намудани маҳфили адабии «Адибони Бадахшон» дар аввали солҳои хафтодуми асри гузашта мебошад. Баъдан дар заминаи ҳамин маҳфил бахши вилоятии Иттифоқи нависандагон таъсис ёфт».
«Устод Ширин Бунёд миёни шоирони кишвар низ аз маҳбубияти хоса бархурдор буд. Шоироне, ки аз маркази ҷумҳурӣ ба Бадахшон сафар мекарданд, бо хотироти ширину нек ба марказ бармегаштанд ва ин хотироти худро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷалла ба нашр мерасонданд. Ӯ на танҳо чун шоири варзида барои мо намуна буд, балки ҳамчун инсони хоксору меҳмондӯст, марди хушсуҳбату хушкалом дар хотири мо боқӣ мондааст»,-иброз дошт шоири ҷавон Алидоди Чароғабдол.
Дар поёни маҳфил ҳунармандони ҷавон сурудҳоро аз ашъори Ширин Бунёд манзури аҳли толор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






