Дар ДДХ ба ифтихори 75- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд маҳфили адабӣ доир гардид

Декабрь 17, 2016 09:27

ХОРУҒ, 17.12.2016. /АМИТ Ховар/.  Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ширкати олимону шоирон ва донишҷӯён бахшида ба 75-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд маҳфили шеъру тарона баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз вилоят хабар дод.
Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан нақши шоирро дар таъсиси ҳавзаи адабии Бадахшон хеле муассир унвон намуда, гуфт: «Аксарияти шоирони имрӯзаи вилоят шогирдони Ширин Бунёд мебошанд. Яке аз хизматҳои пурарзиши ӯ- ин ташкил намудани маҳфили адабии «Адибони Бадахшон» дар аввали солҳои хафтодуми асри гузашта мебошад. Баъдан дар заминаи ҳамин маҳфил бахши вилоятии Иттифоқи нависандагон таъсис ёфт».
«Устод Ширин Бунёд миёни шоирони кишвар низ аз маҳбубияти хоса бархурдор буд. Шоироне, ки аз маркази ҷумҳурӣ ба Бадахшон сафар мекарданд, бо хотироти ширину нек ба марказ бармегаштанд ва ин хотироти худро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷалла ба нашр мерасонданд. Ӯ на танҳо чун шоири варзида барои мо намуна буд, балки ҳамчун инсони хоксору меҳмондӯст, марди хушсуҳбату хушкалом дар хотири мо боқӣ мондааст»,-иброз дошт шоири ҷавон Алидоди Чароғабдол.
Дар поёни маҳфил ҳунармандони ҷавон сурудҳоро аз ашъори Ширин Бунёд манзури аҳли толор намуданд.

Декабрь 17, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд