Дар Китобхонаи миллӣ конфронси байналмилалии «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллӣ» оғоз шуд

Декабрь 1, 2016 11:36

Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар конфронси мазкур Ашӯрбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ясмин Гуедар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз Русияву Қазоқистон иштирок карда, сухан гуфтанд.
«Мақсад аз баргузории конфронс муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёрсамта байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар самти идоракунии молияи давлатӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ мебошад»,- иброз дошт Ашурбой Солеҳзода дар оғози конфронс.
Конфронс бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ (ИМД), Лот 1 ҷараён дорад.
Кори конфронси илмию амалии байналмилалӣ пагоҳ низ идома меёбад.

Декабрь 1, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид