Дар ноҳияи Сангвор хизматрасонӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз ҳисоби занон зиёд гардидааст
САНГВОР, 12.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор таъмин намудани имкониятҳои баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҳудуди ноҳия хуб ба роҳ мондааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Сабоҳат Тоҳирова иттилоъ дод.
«Хизматрасонӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз ҳисоби занон зиёд гардида, онҳо дар ҳама самтҳои ҷомеа баробари мардон фаъолият доранд. Шумораи занони қобили меҳнат дар ноҳия 5520 нафар мебошад. Аз ин шумора 15 нафар занони роҳбар, 60 нафар дар захираи кадрӣ буда, 213 нафар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва 27 нафар чун сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд»,-зикр кард манбаъ.
Ҳамзамон 14 нафар занон вакилони халқии ноҳия ва 22 нафар вакилони ҷамоатҳои деҳот мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






