Дар шаҳри Бӯстон дар доираи «16 рӯзи мубориза бо хушунат нисбат ба занон» ҳамоиш доир шуд
Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар боғи истироҳатӣ-мадании ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон оид ба пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила ҳамоиш доир гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, ҳамоиши мазкурро бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба «16 рӯзи мубориза бо хушунат нисбат ба занон» роҳандозӣ намуд. Дар ин рӯз дар баробари суҳбату мулоқот бо аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, инчунин варақаҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи зану мард дар оила ва дигар масъалаҳои марбут ба оиладорӣ ба иштирокдорон ва роҳгузарон тақсим карда шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки аз 25 ноябр то 10 декабри соли равон дар тамоми ҷаҳон иқдоми «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон» мегузарад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ нисбат ба занону духтарон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






