Дар шаҳри Хоруғ Маркази нави ёрии таъҷилӣ бунёд мегардад
ХОРУҒ, 21.12.2016. /АМИТ Ховар/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати бунёди бинои замонавӣ барои табибони маркази ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ қитъаи замин ҷудо намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз вилоят хабар дод.
«Табибони марказ аз сабаби надоштани бинои худӣ фаълияти муназзам надоштанд. Дар қитъаи ҷудошуда ҶДММ «Шариф ШС» ба бунёди бино шурӯъ кард»,-зикр кард манбаъ.
Масъули ҷамъият Ифтихор Ниёзмамадов гуфт, ки «таҳкурсии бино моҳи ноябр гузошта шуд. Мо ният дорем то тирамоҳи соли оянда онро ба истифода диҳем. Бинои мазкур дутабақа буда, аз 14 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва сарои мошинҳо иборат аст. Маблағгузории онро шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷтроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бар уҳда дорад. Зимистони имсол гарму нарм омад ва ин имконият медиҳад, ки бинокорон бидуни таваққуф кор кунанд. Дар масъалаи таъмин бо масолеҳи сохтмонӣ ва маблағ низ то ҳанӯз мушкилӣ пеш наомадааст».
Бояд гуфт, ки аксарияти коргаронро ҷавонони маҳалӣ ташкил медиҳанд. Бинокорон моҳе то ду ҳазор сомонӣ музди меҳнат мегиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






