Дар соли 2016- 55 нафар ноболиғ дар кӯлу дарё ғарқ шуданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 119 нафар бар асари ғарқ шудан дар об ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти кумита, 55 нафар аз ғарқшудагон шаҳрвандони то 17-сола буда, 64 нафар аз 17-сола боло мебошанд.
«Ин нафарон дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд. Аз ҷумла, теъдоде бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба дарё сарозер шудаанд ва баъзе ҳангоми моҳидорӣ дучори фалокат гаштаанд»,-иттилоъ дод сарчашма.
Соли равон ба хотири пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳои нохуш мутахассисони Кумита корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, баргузории дарсҳои омӯзишӣ миёни мактаббачагон, тамринҳои амалӣ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Добрососедство»-ро дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузарониданд.
«Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба маълумоти зарурӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сохтор ва роҳбарияти он сомонаи интернетии Кумита бо тарҳи нав мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло аз тариқи ин сомона на танҳо хабарҳои фаврӣ пахш ва рӯйдодҳои муҳим ба мардум расонида мешаванд, балки он сокинон ва меҳмонони кишварро аз тағйири обу ҳаво дар кишвар огоҳ сохта, барои бехатарии онҳо дастурҳои муфид медиҳад»,-зикр кард манбаъ.
Дар сомона ҳамчунин бахши суол ба Раиси Кумита низ фаъол аст, ки хонандагон метавонанд тавассути он ба таври мустақим муроҷиат карда, ба суоли худ аз сарвари Кумита посух гиранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






