Дар Суғд ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150- солагии Закариёи Розӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд

Декабрь 5, 2016 15:35

tirmiziДушанбе, 05.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии Закариёи Розӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.

«Арҷ гузоштан ба осори гаронмояи ин мутафаккирони барҷаста барои боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ такони ҷиддӣ мебахшад»,-зикр шуд дар ҳамоиш.
Устодони донишкада, номзади илмҳои фалсафа Абӯбакр Шодиев ва номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар бораи зиндагӣ ва осори ин файласуфон сухан гуфтанд.

 

zakariyo-rozi«Бо вуҷуди гузашти беш аз 1000 сол то ҳанӯз асарҳои безаволи донишмандон дар илми муосири имрӯза, аз ҷумла тибу иқтисодиёт фаровон истифода бурда мешаванд. Ҳаким Тирмизӣ ҳамчун олим, файласуф ва тасаввуфшинос дар замони зиндагии худ беш аз 400 асари илмӣ навишта, забон ва фарҳанги миллати тоҷик ва форсро ба оламиён муаррифӣ кардааст. Закариёи Розӣ ҳамчун донандаи хуби илмҳои тиб дар Мовароуннаҳр ва дигар ақсои олам ном баровардааст»,-хабар дод манбаъ.

Декабрь 5, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд