Дар Суғд ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150- солагии Закариёи Розӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Душанбе, 05.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии Закариёи Розӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
«Арҷ гузоштан ба осори гаронмояи ин мутафаккирони барҷаста барои боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ такони ҷиддӣ мебахшад»,-зикр шуд дар ҳамоиш.
Устодони донишкада, номзади илмҳои фалсафа Абӯбакр Шодиев ва номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар бораи зиндагӣ ва осори ин файласуфон сухан гуфтанд.
«Бо вуҷуди гузашти беш аз 1000 сол то ҳанӯз асарҳои безаволи донишмандон дар илми муосири имрӯза, аз ҷумла тибу иқтисодиёт фаровон истифода бурда мешаванд. Ҳаким Тирмизӣ ҳамчун олим, файласуф ва тасаввуфшинос дар замони зиндагии худ беш аз 400 асари илмӣ навишта, забон ва фарҳанги миллати тоҷик ва форсро ба оламиён муаррифӣ кардааст. Закариёи Розӣ ҳамчун донандаи хуби илмҳои тиб дар Мовароуннаҳр ва дигар ақсои олам ном баровардааст»,-хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






